Пулиси Ҳиндустон мегӯяд, ки шӯришиёни маоист масъулияти садамаи қаторро бар дӯш доранд. Дар ин садамаи роҳи оҳан дар аёлати Банғолаи Ҳинд 65 нафар кушта шудаанд. Бҳупиндер Сингҳ-раиси пулис гуфтааст, ин нишонаи рӯшани харобкорист. Ин корро маоистҳо кардаанд. Дар ин ҳодиса ҳамчунин 200 нафари дигар ҷароҳат бардоштааст. Қатор аз роҳ хорич ва ба қатори дигари рӯ ба рӯ бархӯрдааст. Маҳале, ки ин ҳодиса рух додааст, маркази маоистҳои Ҳиндустон шинохта мешавад. Ҳамлаҳои маоистҳо моҳҳои ахир афзоиш ёфтааст.