Раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, Барак Обама, барои шаш моҳи оянда ҳафри бистари уқёнус ва истихроҷи нафтро мамнӯъ эълон кард. Ин дар ҳолест, ки як ҳайати махсуси ҳукумат ба таҳқиқи сабабҳои фоҷиаи зистмуҳитӣ дар Халиҷи Мексик машғул аст. Президент Обама ин мораторияро дар як нишасти хабарӣ дар Кохи Сафед эълон кард. Вай гуфт::
"Ин таровиши нафт як чизро рӯшан кард, ки ислоҳоти бештаре даркор аст. Солҳо ин ҷо равобити ба таври моҷароомез наздике байни ширкатҳои нафт ва ниҳодҳои танзимкунандаи кори онҳо мавҷуд буд. Биноан мо тасмим гирифтем, одамоне, ки иҷозаи истихроҷро медиҳанд ва онҳое, ки амнияти ин истихроҷро танзиму назорат мекунанд, аз ҳам ҷудо бошанд."
Дар ин байн ширкати азими "Бритиш Петролиум" гуфтааст, амалиёти бастани пеши роҳи таровиши нафт идома дорад, вале ҳанӯз гуфтан душвор аст, ки он то куҷо муваффақ хоҳад буд. То ҳоло ширкат барои бастани шикоф дар лӯлаи нафт чанд амалиёте ба анҷом расонид, вале ҳеҷ кадоми онҳо ба ҳадаф нарасид. Президент Обама гуфт, аз ин ба баъд ҳар иқдоме, ки аз тарафи ширкати "Бритиш Петролиум" гирифта мешавад, бояд пешакӣ аз назари ҳукумати Иёлоти Муттаҳида гузарад. Олимоне, ки ба таҳқиқи шикоф дар лӯлаи нафт машғуланд, мегӯянд, рехтани нафт ба уқёнус хеле зиёдтар аз онест, ки пештар ҳадс зада мешуд ва ба ин тартиб ин воқеа яке аз бузургтарин фоҷиаҳои зистмуҳитӣ дар таърихи Иёлоти Муттаҳида ба шумор меравад.