Талошҳои боздошти таровиши нафт дар бистари Халиҷи Мексик идома доранд ва олимон тасдиқ карданд, ки ин бузургтарин берунрезии нафт дар таърихи Иёлоти Муттаҳида аст. Онҳо мегӯянд, ҳар шабонарӯз аз шикоф дар лӯлаи истихроҷи нафти Бритиш Петролиум 5 ҳазор бушка ва то ҳоло чизе байни 2 то 3 миллиону 800 ҳазор литр нафт берун рехтааст. Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама таҳрими истихроҷи нафт аз бистари уқёнусро шаш моҳи дигар тамдид кард ва мехоҳад, дар танзими кори ширкатҳои нафт ислоҳот ба вуҷуд орад.