Мақомоти Афғонистон хабари ҳалокати як фармондеҳи аршади ҷунбиши “Толибон”-и Покистонро таҳқиқ мекунанд. Ба иттилоъи полиси марзии вилояти Нуристон, воқеъ дар шарқи Афғонистон, Мавлоно Фазлуллоҳ, ки ду соли ахир ба амалиёти толибон дар водии Своти Покистон раҳбарӣ мекард, ахиран дар як задухӯрди мусаллаҳона кушта шудааст.
Мақомоти Покистон барои боздошти Мавлоно Фазлуллоҳ 600 ҳазор доллар ҷоиза эълон карда буданд. Ҳадс зада мешуд, ки ин фармондеҳи аршади толибон баъд аз шурӯъи амалиёти густардаи артиш дар минтақаи Свот дар қаламрави Афғонистон панаҳ бурдааст.