Амалиёти бесобиқаи ВР дар халиҷи Мексика

Ширкати “British Petroleum” (BP) рехтани маҳлули махсуси сементдор ба хотири маҳкам кардани чоҳи тахрибшуда дар қаъри халиҷи Мексикаро шурӯъ кард. Тони Ҳейовард, як тан аз раҳбарони ширкат, гуфт, резиши маҳлул 24 соат идома хоҳад кард ва фақат баъд аз он маълум хоҳад шуд, ки ин амалиёт натиҷае додааст ё на. Мутахассисон мегӯянд, ки бастани чоҳ дар қаъри баҳр аз ин роҳ бори аввал дар таърих таҷриба мешавад. Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико, рӯзи панҷшанбе зимни суханронӣ дар Калифорния, дар назди кормандони ширкати таҳиякунандаи тарҳҳои истифода аз нерӯи офтоб, аз мушкили ихроҷи нафт аз чоҳи тахрибшуда дар халиҷи Мексик ёдовар шуд ва гуфт, ки "давоми ду моҳи оянда, ки корҳои пурра рафъ кардани паёмадҳои садама идома хоҳад кард, мо машварат бо олимону муҳандисон дар робита ба мушкили манбаъҳои алтернативиии энерҷиро фаъолтар мекунем. Ва мо барои қатъи ихроҷи нафт аз ҳама захираҳои зарурӣ кор мегирем".
Бар асари ихроҷи нафт аз чоҳи тахрибшудаи ширкати BP миқдори бузурги нафти хом ба обҳои халиҷи Мексика рехтааст. Аз ин пеш Барак Обама зимни боздидаш аз аёлати Луизиана гуфта буд, ки резиши нафт дар Халиҷи Мексика метавонад ба як фалокати муҳитизистии “бесобиқа” дар Амрико табдил шавад. Ӯ дар ин ходиса ширкати “British Petroleum”-ро айбдор карда буд.