Ҳукумати Қирғизистон мақоми дахлнопазирии аввалин раисиҷумҳур Аскар Оқоевро лағв карданист. Азимбек Бекназаров, муовини раиси ҳукумати муваққат, имрӯз дар як нишасти хабарӣ гуфт, ки таҳияи санади дахлдор дар ин бора дар арафаи анҷомёбист.
Аскар Оқоев аз соли 1990 то соли 2005 сарварии Қирғизистонро бар ӯҳда дошт. Бар асари “инқилоби лолаӣ” дар моҳи марти соли 2005 ӯ кишварро тарк гуфт ва ҳоло дар Маскав ба сар мебарад.