Имрӯз дар Судон расми савганди президенти бозинтихобшудаи ин кишвар Умар ал-Башир баргузор мешавад. Вай ягона раҳбари давлат аст, ки Додгоҳи байнулмилалии ҷиноӣ ба ӯ айбнома эълон карда, боздошташро тақозо мекунад. Раисиҷумҳури Судон дар ҷиноятҳои ҳарбӣ ҳангоми низои мусаллаҳона дар Дорфур айбдор мешавад. Дар арафаи расми савганди Башир, Додгоҳи байнулмилалии ҷиноӣ аз Шӯрои Амнияти Созмони Милал хост, ки Башир ва дигар айбдоршавандагони қатли омҳо боздошт ва муҷозот шаванд. Башир гуфтааст, ки ин додгоҳро эътироф намекунад.