Сарвазири Сербистон Мирко Светкович зимни боздидаш аз Словения гуфт, ки Белград ҳатто дар сурати бо дархости хонаводааш қонунан фавтида эълон кардани фармондеҳи собиқи нирӯҳои серби Буснӣ ба таъқиби генерал Радко Младич идома хоҳад дод. Дирӯз як нашрияи сербӣ навишт, ки вакилони мудофеъи хонаводаи Младич мехоҳанд тавассути додгоҳ ба далели вазъи бади саломатӣ ва солҳо боз беномунишон будани ӯ Младичро фавтида эълон кунанд. Додгоҳи Ҳейг Младичро ба наслкушӣ ва ҷиноёти ҷанг дар солҳои ҷанги Буснӣ айбдор мекунад. Ӯ аз соли 1995 ба ин сӯ таҳти пайгард қарор дорад, вале таъқибаш то ҳол натиҷае надодааст.