Клинтон хостори посухи ҷаҳон ба қазияи киштӣ шуд

Вазири хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон хостори посухи ҷаҳон ба қазияи бо ҳамлаи торпедо ғарқ кардани киштии Кореяи ҷанубӣ шуд. Таҳқиқоти мустақил дар ин ҳамла Кореяи шимолиро айбдор мекунад. Клинтон дар пайи музокироташ бо раҳбарони Кореяи ҷанубӣ дар Сеул гуфт, ин ҳамла “посухи шадид, вале ҳисобшударо металабад” ва Амрико роҷеъ ба иқдоми муносиб бо Кореяи ҷанубӣ ва аъзои Шӯрои Амният машварат хоҳад кард: “Таҳқиқоти мустақили байналмилалӣ - холисона, шавоҳидаш - фаровон ва хулосааш ногузир буд. Ин як иғвои ғайриқобилиқабули Кореяи шимолӣ буд ва ҷомиаи байналмилалӣ масъул ва муваззаф аст, ки ба он посух бигӯяд.”
Бо ин ҳол, муовини вазири хориҷаи Чин Жанг Жиҷун гуфт, Пекин ҳанӯз машғули омӯзиши ин хабар аст, вале ба бовари ӯ, “гуфтугӯ нисбат ба мухолифат роҳи беҳтар аст.”
Кореяи шимолӣ ҳар навъ даст доштанаш дар ғарқ кардани киштии Кореяи ҷанубиро радд карда, ҳушдор додааст, ки ҳар навъ муҷозоти он метавонад мунҷар ба ҷанг шавад.