Вазорати ҳифзи сиҳҳати Тоҷикистон мутмаин аст, ки маъракаи саросарии эмкунӣ аз бемории полиомелит, ё худ фалаҷи кӯдак, ба коҳиши мизони гирифторӣ ба ин маризӣ дар кишвар мусоидат хоҳад кард. Тайи мароҳили севвум ва чоруми ин маърака, ки мутаносибан аз 1 то 5 июн ва аз 15 то 19 июн идома хоҳад кард, воксин задани атфоли то 15-сола дар назар дошта шуда, ба ин манзур, қарор аст, рӯзи 28 май ба Тоҷикистон 6,3 миллион воксини зидди полиомелит ворид карда шавад.
Аъзамҷон Мирзоев, муовини вазири беҳдошт гуфтааст, ки то кунун 1,1 миллион кӯдаки зери синни 5-сола аз ин беморӣ эм гирифтаанд. Душанбе то кунун 437 мавриди фалаҷи кунд ва 129 мавриди полиомелитро тасдиқ кардааст.