Аз муҳоҷират ба сафи аскарӣ

Норинисо Маҳмудова, як сокини шаҳри Хуҷанд аз субҳи барвақт дар назди Комиссарияти ҳарбии вилояти Суғд бесаброна интизори посухи масъулони он буд. Ӯ мегӯяд, писарашро дар роҳ ба сӯи хона ба аскарӣ бурдаанд.
Холаи Норинсо гуфт, чанд рӯз пеш фарзандаш Мубинро, ба далели бад шудани саломатиаш аз муҳоҷират баргашта ва дар бемористони Хуҷанд бистарӣ шуда буд, аммо кормандони комиссарият ба таври иҷбори ӯро ба хизмат бурдаанд: «Ду сол аст фарзандам Мубин барои дарёфти кор ба Русия меравад. Ҳамагӣ чанд рӯз пеш ӯ аз муҳоҷират баргаш ва саломатияш шикоят мекард. Ӯро дар беморхона бистарӣ кардем. Вақте ӯ ба дидорбинии аъзои оилаамон ба хона меомад, ӯро аз роҳи беморхона барои ба хизмат рафтанаш комиссарият боздошт карда, ба бинои комиссарият овардаанд. Ман ба кормандон гуфтам фарзанди ман саломатиаш хуб нест ва ӯ аз муҳоҷират баргаштааст, аммо суханони маро қабул накарда, ӯро ба хизмат бурданд».

Замоне ки мо ба назди Комиссарияти ҳарбии Суғд омадем мисли Норинисо Маҳмудова, даҳҳо падару модарон мунтазири сарнавишти фарзандони худ буданд.

Ба қавли онҳо, фарзандонашонро бо роҳи маъмулӣ ва мӯдшудаи ба истилоҳ «облава» ва ё иҷборӣ ҳато бехабар аз волидонашон ба хизмати сарбозӣ ҷалб кардаанд.

Шарҳи масъулин

Аз Носир Тошматов, ҷонишини комиссарияти ҳарбии Суғд пурсидем, ки маъракаи даъвати баҳории ҷавонон ба сафи қувваҳои мусаллаҳи кишвар чӣ гуна иҷро мешавад гуфт, ҷавонон ба таври ихтиёри ҷалб мешаванд ва ӯ даъвати иҷбориро рад кард.
Ба қавли ӯ ҳеҷ ҳодисаҳои боздошт ба таври иҷборӣ ба хизмат бурдани ҷавонон дар ин навбат ҷой надоштааст.

Ӯ мегуяд: «Мутибиқи қонун кормандони комиссарият тавассути даъватномаҳо ҷавононро ба сафи хизмат фиристода, нақшаро иҷро карда истодаанд. Дар ҳоли ҳозир, беш аз 90 дарсади нақша иҷро шудааст. Ва ҳодисаҳои маҷбурӣ ба хизмат бурдани ҷавонон Рух надодааст».

Гурӯҳи волидоне, дар пушти панҷараи комиссарият интизори дидори фарзандони худ буданд ва аз иҷборан ба хидмат овардани пайвандонашон шикоят мекарданд, вале касе аз масъулин ба онҳо эътибор намед.

Баъди панҷ рӯзи интизориҳо ба хизмат

Муҳтарам Ёдгорова, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар сӯҳбат ба радиои Озодӣ гуфт, ки се рӯз мешавад фарандаш Аъзамҷон дар комиссарияти ҳарбии Суғд ба сар мебарад.

Ӯ аз афзоиши ҳодисаҳои облава бо изҳори нагаронӣ мегӯяд, ки чаро фарзандони хонаводаҳои нодор дар сафи артиш азият мешкашанду фарзандони афроди мақомот ба хизмат бурда намешаванд ва ҳеҷ касе аз кормандони комиссарият ҳам онҳоро ба хизмат даъват намекунанд.

Ӯ мегӯяд: «Дар моҳи октябри соли гузашта Фарзандам Азизҷонро кормандони комиссарият аз хона иҷборан ба хизмат бурда буданд. Панҷ рӯз мешавад, ки фарзанди хурдиамро кормандони комиссариат аз кӯча боздошт кардаанд. Ман ба онҳо гуфтам, ки як фарзандам хизмат мекунад, дар оила касе нест ки маро нигоҳубин кунад шавҳарам аз ҳаёт даргузаштаанд, ӯ аз хизмат биёяд, ин ҳам меравад, ба ин суханони ман касе гуш накарданд ва ин фарзандамро ҳам ба хизмат бурданд».

Ӯ мегӯяд, ки як соли пеш нахустфарзандаш бо исми Азизҷонро кормандони комиссарият боздошт намуда, ба таври иҷборӣ ба хизмат бурда буданд.

Талошҳои раёсати маориф натиҷа надод


Муҳаммадшариф Ҳамдамов, як сокини ноҳияи Масчоҳ мегуяд, хоҳарзодааш Мирзоҷонро, ки омӯзгори деҳаи Бӯстон буд кормандони комиссарият боздошт карда ба хизмат овардаанд.

Ӯ мегӯяд: «Хоҳарзодаи мо ҳоло дар курси сеюми шӯъбаи ғоибонаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд таҳсил мекунад ва дар мактаби ноҳия ба ҳайси омӯзгор дарс мегӯяд, ӯро кормандони комиссарият боздошт намуда, ин ҷо овардаанд. Ду рӯз мешавад, ки мо посухи масъулинро интизор ҳастем. Аз раёсати маорифи вилоят ҳам намоянда омад, аммо посухи аниқ дарёфт карда натавонист».

Чаро ҷавонон аз хизмат парҳез мекунанд?

Ҳарчанд бархе аз шуъбаҳои комиссарияти шаҳру навоҳии Суғд теъдоди кофии ҷавонон барои фиристодан ба хизматро ҷамъ овардаанд, вале бо ин вуҷуд бисёре аз ҷавонон аз хизмат дар сафи артиш парҳез мекунанд.

Ҷавонон изҳор мекунанд, ки адами шароити солим дар қисмҳои низомӣ бисёре аз онҳоро барои хизмат дар сафи артиш дилгир кардааст.

Аҳмад, як донишҷӯи Донишгоҳи Хуҷанд мегӯяд, як бародараш ба хизмат рафта хотираи неке аз он набардоштааст ва худи ӯ ҳам чандон майли хизмат карданро надорад.

Ӯ мегӯяд: «Бародарам аз хизмат омад пештара борин не, дар хизмат азоб кашидааст, саломатиаш он қадар худ не».

Аксар ҷавонон мегӮянд, ки риоя нашудани ойиннамаи ҳарбӣ дедовшина ва ё меҳтарсолорӣ ва инчунин шароити номусоид дар артиш аз иллатҳои асосии саркашии ҷавонон аз хизмат дар сафи нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон будааст.

Алиҷон Самадов, таҳлилгари масоили ҷавонон дар Суғд дар ин бора мегӯяд: «Аввал ин шариот бояд дар гарнизонҳо дар қисмҳои низомӣ бояд хуб карда шавад, зеро имрӯзҳо афсаронро дар кӯчаҳо мебинем, ки шароити либоспӯшии хуб надоранд. Дигар ин ки кормандони комиссарияти ҳарбӣ бояд дасташон пок бошад ва аз нигоҳи қонун ба ҳама баробар назар кунанд, дар ин сурат худи ҷавонон ҳам бо сари Балан ба хизмат мераванд».

Созмони ҳуқуқшиносони ҷавонон мавсум ба “Ампаро” бо натиҷагирӣ аз пажӯҳиши солонаи худ дар масоили даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ мегӯяд, ки бо вуҷуди талошҳои ба тарви ихтиёрӣ ҷалб намудани ҷавонон ба сафи қувваҳои мусаллаҳ, ҳамоно даъвати баҳорӣ ва ҳам тирамоҳӣ дар соли 2009 нишон додааст, ки дар ин самт ҳуқуқвайронкунӣ мушоҳида мешавад.

Масъулини комиссариятҳои ҳарбӣ дар шаҳру навоҳии вилоят барои даъвати ҷавонон аз тарзу усулҳои ғайриқонуние, мисли облава истифода мекунанд.