Дархости рӯзноманигори қазоқро додгоҳ рад кард

Додгоҳи Олии Қазоқистон бар зидди дархости рӯзноманигори зиндонии ин кишвар ҳукми худро содир кардааст. Рамазон Есергепов-сардабир ва муассиси ҳафтаномаи "Алма-Ато Инфо" моҳи ноябри соли 2008, вақте, ки дар бораи робитаи миёни як бозаргон ва Кумитаи Амнияти Миллӣ мақолае ба чоп расонд, муттаҳам шинохта ва моҳи августи соли 2009 барои 3 сол ба зиндон андохта шуд. Вакили мудофеи вай мегӯяд, Есергепов ҳақ дорад тибқи қонунҳои Қазоқистон баъд аз сипарӣ кардани сеяки мӯҳлати зиндон шартан аз зиндон раҳо шавад.