Ҳукумати Италия мегӯяд, барои ба низом даровардани сармояҳои иҷтимоӣ ва ҳифзи кишвар аз тақаллуби молӣ дар бозори масрафӣ, ки намунаи он Юнонро ба вартаи муфлисӣ наздик кард, қурбониҳои молӣ зарур аст. Шоми имрӯз аъзои кобинаи Италия барои баррасии ин масъала дар Рум мулоқот ва маҳдудияти маблағҳои масрафшавандаро баррасӣ мекунанд. Ба ин маблағҳо пардохти дастмузди кормандони хадамоти иҷтимоӣ низ дохил мешавад, вале ононе, ки дастмузди зиёд доранд. Чунин ихтисор то андозае сармоягузории давлатӣ дар бахши беҳдоштро низ дар бар гирад. Дар маҷмӯъ, ихтисори маблағ то соли 2012 дар Италия 31 миллиард долларро дар бар бмегирад. Ҷианнӣ Летта-муовини нахуствазир ва яке аз муттаҳидони наздик ба Силвио Берлусконӣ-нахуствазири Италия гуфт, чунин иқдом ба хотири он анҷом мегирад, ки Италия аз сарнашвишти Юнон эмин бимонад.