Ожонси байналмилалии назорати нирӯи ҳастаӣ таъйид кард, ки номаи расмии Эронро дарёфт карда ва акнун ин номаро барои баррасӣ дар ихтиёри Амрикову Русия ва Фаронса низ хоҳад гузошт. Теҳрон, ба ин тартиб, ин ниҳоди вобастаи СММ-ро аз қарордоди ҳафтаи гузашта имзошуда миёни Эрону Туркия ва Бразилия расман дар ҷараён гузошт. Ин муомила дар ивази дарёфти сӯхти ҳастаӣ ба Туркия фиристодани беш аз нисфи ураниуми андак ғанишудаи Эронро дар назар дорад, вале талаби қатъи ғанисозии ураниуми Эронро дар бар намегирад. Эрон ҳам гуфта, ки ба ғанисозиаш дар сатҳи баландтар идома хоҳад дод.
Амрико алакай аз ин муомила изҳори нохушбинӣ карда ва хостори эъмоли таҳримоти нави Шӯрои Амният алайҳи Эрон шудааст.
Амрико алакай аз ин муомила изҳори нохушбинӣ карда ва хостори эъмоли таҳримоти нави Шӯрои Амният алайҳи Эрон шудааст.