Имрӯз издиҳоми гирдиҳамомада дар ҷанубуғарби Эрон сухани раисиҷумҳур Маҳмуди Аҳмадинажодро бурид. Аҳмадинажод дар расми таҷлил аз солгарди 28-уми озодии шаҳри бандарии Хуррамшаҳр аз зери тасарруфи нирӯҳои Ироқ сӯҳбат мекард, ки бархе бо нидоҳои “Мо бекорем!” монеъи суханронии ӯ шуданд. Бино ба омори расмӣ, мизони бекорӣ дар Эрон ба 25 дарсад расидааст, вале то кунун эътирозҳо дар заминаҳои иқтисодӣ камтар мушоҳида мешуд.