Анҷоми даври дуввуми маъракаи зидди полиомелит

Дар Тоҷикистон марҳалаи дуввуми маъракаи саросарии воксинзанӣ аз полиомелит анҷом ёфт. Тайи 4 давраи ин маърака, ки то 19 июн давом хоҳад кард, аз фалаҷи кӯдак воксин задани беш аз 1 миллион тифли зери синни 5 дар назар дошта шудааст. Бино ба омори Созмони ҷаҳонии беҳдошт, дар Тоҷикистон 432 мавриди эҳтимолии гирифторӣ ба полио сабт шуда ва то имрӯз вуҷуди ин беморӣ дар бадани 129 нафар, ағлаб атфоли то 5-сола, ташхис шудааст.