Узбакистон равуои мардум тавассути марзҳояш бо Тоҷикистонро маҳдуд карда, дар ин марз тартиби истисноии равуоро ҷорӣ кардааст. Зафар Раҳимҷонов, консули Узбакистон дар Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, Тошканд ба далели бурузи бемории полиомелит, ё худ фалаҷи кӯдак, дар Тоҷикистон маҷбур ба чунин иқдом шудааст: “Аз 7 майи соли ҷорӣ дар гузаргоҳи роҳи оҳани Сариосиёи вилояти Сурхондарё, дар ин қисмати марзи давлатӣ бо Тоҷикистон дар роҳи убуру мурури мардум, васоили нақлиётӣ ва борҳо маҳдудиятҳои муваққат ҷорӣ шудааст.”
Бо ин ҳол, ширкати роҳи оҳани Тоҷикистон хабар дод, ки ҷониби Узбакистон аз 22 май дигарбора ҳаракати қаторҳои боркаши роҳии Тоҷикистонро манъ кардааст. Танҳо теъдоди вагонҳои роҳии Хатлон, ки дар қаламрави Узбакистон банд шудаанд, тақрибан 900 гуфта мешавад. Қазияи вагонҳо миёни Тошканду Душанбе 3 моҳ боз идома дорад. Дар ин миён Узбакистон танҳо дар пайи обхезиҳои пурқурбонии Кӯлоб барои чанд рӯз ба беш аз 200 вагон иҷозати вуруд ба Хатлонро дод.