Бино бар хабарҳо аз Сомалӣ дар натиҷаи даргирҳои пароканда байни исломгароён ва нерӯҳои давлат дар Могадишу 20 нафар кушта ва 30 тани дигар захмӣ шудаанд. Гурӯҳи Ал-Шубоб, ки худро ба Ал-Қоида наздик мешуморад, ба кохи раёсатҷумҳурӣ ва дигар биноҳои ҳукуматӣ ҳамла кард. Дар ин ҷангҳо камаш 14 нафар кушта шуданд. Даргириҳо дар ҳоле ба вуқӯъ пайвастанд, ки президенти Сомалӣ Шайх Шариф Аҳмад барои ширкат дар конфаронс ба Туркия сафар кардааст.