Дар интихоботи порламонии ҷумҳурии ҷудоихоҳи Қарабоғи Кӯҳистонӣ чаҳор ҳизби сисёсӣ ширкат доранд. Порламони ин ҷумҳурӣ аз 33 курсӣ иборат аст ва он барои панҷ сол интихоб мешавад. Маҳофили байналмиллалӣ ин интихоботро эътироф намекунанд. Интизор меравад, ки аксарияти курсиҳои порламонро Ҳизбҳои ҷонибдори ҳукумат бо номи "Миҳани озод", Ҳизби Демократи Артсах ишғол кунанд. Ду ҳизби дигар Ҳизби Федератсияи Инқилобии Арманистон бо номи Дашнактсутюн ва Ҳизби Куммунисти Қарабоғ низ дар интихобот ширкат доранд. Дар ин ҷумҳурӣ 90 000 аҳолии қобили рай ба сар мебарад. Ин минтақа, ки дар он аслан аҳолии арманӣ ба сар мебаранд, дар авоили солҳои 1990-ӯм аз Озарбойҷон ҷудо шуд ва он боиси оғози ҷанге гардид, ки тақрибан 30 000 нафар кушта бар ҷой гузошт. То ҳол ҳеҷ кишваре истиқлоли Қарабоғи Кӯҳистониро ба расмият нашинохтааст. Иттиҳодияи Аврупо мегӯяд, ки интихобот ғариқонунист ва он наметавонад "баҳонае" барои миёнҷигарӣ дар ҳали мубоҳисоти ҷонибҳо бошад.