Додгоҳи шаҳрии Бишкек иттиҳомоти молӣ ба Аликбек Ҷекшенқулов-вазири пешини корҳои хориҷаи Қирғизистонро ботил эълон кард. 16-ӯми март яке аз додгоҳҳои ноҳиявӣ бар зидди вай парванда боз кард ва вайро барои сӯистифодаи молӣ муттаҳам донист. Ин додгоҳ ба Ҷекшенқулов 5 сол ҳукми зиндон содир кард. Вале додгоҳи шаҳрии Бишкек ин иттиҳомотро рад кард. Ҷекшенқулов аслан соли 2009 барои ҳамдастӣ дар куштори Сервет Четин- тоҷири турк дар шаҳри Талас воқеъ дар шимоли ғарби Қирғизистон муттаҳам дониста шуда буд. Ин куштор соли 2007 сурат гирифтааст. Аммо додгоҳи ноҳиявӣ ба сабаби мавҷуд набудани далел ин иттиҳомотро лағв кард. Ҷекшенқулов аз соли 2005 то соли 2007 вазири корҳои хориҷаи Қирғизистон буд. Вай баъд аз тарки ҳукумат ҷунбиши "Адолат" таъсис дод.