Карл Теодор зу Гуттенберг-вазири дифои Олмон ҳушдор дод, ки ҳар гуна фарохонди осемасари нируҳо аз Афғонистон метавонад ба суқути ин кишвар сабаб шавад. Гуттенберг дар мусоҳибае бо нашрияи Ҳамбургер Абендбладтт гуфтааст, "агар Афғонистон суқут кунад, Покистон низ суқут хоҳад кард. Покистон кишвари дорои аслиҳаи ҳастаист". Вай афзудааст: "Ман хеле хуш нахоҳам буд, агар аслиҳаи ҳастаӣ ба террористҳо дастрас шавад". Ҳоло Афғонистон, ба вижа дар шимоли ин кишвар, ҳудуди 4 500 нафар низомиёни Олмон мустақаранд ва олмониҳо аз ин кор хуб истиқбол намекунанд.