Бан Ки Мун-Дабири Кулли СММ мегӯяд, вай умед дорад, ки қарордод дар бораи табдили сӯхти ҳастаӣ бо Бразилияву Туркия сабаби қатъи тавлиди сӯхти ҳастаӣ дар Эрон хоҳад шуд. Ҳамзамон хабаргузории расмии ИРНО-и Эрон иттилоъ медиҳад, ки Теҳрон рӯзи душанбе ба Ожонси Байналмиллалии Энержии Ҳастаӣ дар бораи ин қарордод номаи расмӣ хоҳад супурд, то тибқи он дар ивази сӯхти ҳастаӣ Эрон битавонад ками дигар ба Туркия урани камтар ғанишуда бифиристад ва аз он ҷо барои реактори ҳастаии таҳқиқоти тиббиаш сӯхти ҳастаӣ бигирад. Бо вуҷуди ба даст омадани ин тавофуқот 5 кишвари узви доимии Шӯрои Амнияти СММ роҷеъ ба пешнависи қатъномаи таҳримҳои нави СММ бар зидди Эрон ба тавофуқ расидаанд.