Уммон барои зарардидагони тоҷик шаҳрак месозад

Юсуф Ал-Алавӣ, вазири хориҷии Уммон баъди мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон эълон кард, ки ин кишвар дар манотиқи зарардидаи Тоҷикистон шаҳракҳои уммонӣ бунёд хоҳад кард.
Ӯ, ки барои ширкат дар иҷлоси вазирони умури хориҷии кишварҳои узви СКИ ба Душанбе омадааст, гуфт, ба зудӣ ҳайате аз иборат аз мутахассисон уммонӣ ба Тоҷикистон хоҳанд омад, то заминаи бунёди ин шаҳракҳоро баррасӣ кунанд.
Ӯ ҳамчунин, омодагии кишвараш барои сармоягузорӣ дар бахши иқтисоди Тоҷикистонро низ изҳор кард.
Алавӣ гуфт, ки кишвараш омода аст дар бахшҳое назири коркарди ашёи хом ва кишоварзӣ дар Тоҷикистон саромягузорӣ кунад.