Аммаи Обама ҳаққи иқомат дар Амрикоро пайдо кард

Шаҳрванди Кения Зайтуна Онянго, аммаи раисиҷумҳури Амрико Барак Обама, ҳаққи иқомати доимӣ дар Иёлоти Муттаҳидаро пайдо кард. Дар ин бора рӯзи душанбе додраси масоили муҳоҷирати шаҳри Бостон тасмим гирифт.
Зайтуна Онянгои 57-сола, аммаи Обама, соли 2000 вориди ИМА гардид ва баъд аз ду сол бо ишора ба вазъи ноором ва хушунатбор дар зодгоҳаш хостори паноҳгоҳ шуд. Ҳашт сол қабл мақомоти муҳоҷиратии Амрико ба дархости ӯ посухи рад доданд ва аммо хонум Онянго барои бознигарии дархосташ пойфишорӣ мекард ва оқибат ба дарёфти ҳаққи иқомат дар Амрико муваффақ шуд.