Раисиҷумҳури Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ вазири умури дохила Раҳмон Маликро, ки барои фасод маҳкум шуда буд, афв кард. Додгоҳи шаҳри Лоҳур рӯзи душанбе аризаи Малик барои лағви ҳукми ду парванда оид ба фасодро, ки соли 2004 содир шуда буданд, рад кард. Аз рӯи ҳар ду парванда бояд Раҳмон Малик сесолиро пушти панҷара сипарӣ кунад.
Ба думболи тасмими додгоҳи Лоҳур раисиҷумҳур санади авфи вазири умури дохилиро имзо намуд. Аз дафтари раисиҷумҳур иттилоъ расид, ки Зардорӣ аз ин иқдом бо машварати сарвазир Юсуф Ризо Гелонӣ кор гирифтааст.