Намояндаи Вазорати дифои Ҳиндустон аз озмоиши, ба гуфтаи ӯ, комёбонаи мушаки миёнапарвози қодир ба бурдани кулоҳаки ҳастаӣ хабар дод. Ин дар ҳолест, ки ду озмоиши гузашта ба нокомӣ анҷомида буд. Ин бор мушак аз фосилаи 2 000 километр ба ҳадаф расидааст. Ҳинд ин мушакҳоро ҳамчун омили тавозун дар баробари ҳамсоягони ҳастаияш Покистон ва Чин ба вуҷуд овардааст.