Рӯзи 16-уми май ду ҳавопаймои ҳомили ёриҳои башардӯстонаи ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Кӯлоб фуруд омад.
Навбати аввали ин кӯмак аз 170 хайма иборат аст. Дар ҳоли ҳозир, мардуми аз селхезӣ осебдидаи Кӯлоб дар 800 хайма дар варзишгоҳи шаҳр ба сар мебаранд. Дар маҷмӯъ, ҳукумати Амрико тасмим гирифтааст, дар ҳаҷми 550 ҳазор доллар ёриҳои башардӯстона бирасонад.
Ин кӯмакҳо дар пайи дархости ёрии ҳукумати Тоҷикистон аз ҷомеаи байнулмилалӣ имконпазир гаштааст. Ҳукумати Тоҷикистон ҳаҷми умумии зарар аз сел дар Хатлонро тақрибан 600 миллион доллар гуфтааст.
Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар ҳаҷми 150 ҳазор сомонӣ нахустин кӯмаки худро ба осебдидагони селхезиҳои Кӯлоб расонд.
Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода, сарвари маркази таҳлилии ҳизб ба Радиои Озодӣ гуфт, ин кӯмакро Муҳиддин Кабирӣ, сарвари ҳизб шахсан бо иттифоқи 27 нафар, аз ҷумла раисони бахшҳои вилоятии ҲНИТ таслим кард. Оқои Сайфуллозода гуфт, ин кӯмак иборат аз 310 халта орду дигар маводи хӯрока ва либосворӣ иборат аст ва аъзои ҳизб онро аз саросари кишвар – Суғд, навоҳии атрофи Қурғонтеппа ва навоҳии тобеи ҷумҳурӣ ҷамъ овардаанд. Вай гуфт, кӯмаки молӣ ба масъулини тақсимоти кӯмакҳо дар варзишгоҳи Кӯлоб таслим шудааст, аммо пули нақд, ба шумули маоши якмоҳаи Муҳиддин Кабирӣ ва Саид Умар Ҳусайнӣ, вакилони Ҳизби наҳзати исломӣ дар парлумони Тоҷикистон, мустақим ба оилаҳои онҳое дода шудааст, ки талафоти ҷонӣ додаанд.
Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон нахустин аз 8 ҳизби сиёсии Тоҷикистон аст, ки ба осебдидагони сели Кӯлоб кӯмак ироа медорад ва ба қавли оқои Сайфуллозода, ин кӯмаки охирин нест.
"Ориёнбонк" низ дар се КАМАЗ барои зарардидагон аз офат маводи ғизоӣ овардааст.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад