Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъсиси гурӯҳи вижа барои ҷамъ кардани ҷасадҳо


Бегоҳи рӯзи 10-уми май ситоди бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ гурӯҳи вижае барои берун кардани ҷасадҳои ҳайвоноти ҳалокшуда таъсис дод. Муродалӣ Алимардон, раиси ситоди мазкур, зимни як ҷаласаи изтирорӣ гуфт, ин гурӯҳ бояд фавран аҷсоди ҳайвонотро аз маҳаллаҳои зарардида берун кунад.

Гурӯҳи мазкур аз кормандони идораи беҳдоштӣ, ҳифзи муҳити зист ва кумитаи ҳолатҳои фавқулода иборат аст.

Сокинон мегӯянд, ин гурӯҳ дар пайи муроҷиати чандинкаратаи эшон ба мақомот таъсис ёфтааст, зеро дар сурати бартараф накардани аҷсоди ҳайвонот эҳтимол бемориҳои сироятӣ хурӯҷ кунад. Файзулло Ҳасанов, сокини маҳаллаи Чармгари Поёни шаҳри Кӯлоб, мегӯяд, имрӯз ҳаво хеле гарм омада, атрофро буйи бади ҳайвоноти мурда зер кардааст. То кунун, ба гуфтаи ӯ, болои ин ҳама мусибат худи сокинон ин ҷасадҳоро берун мекунанд.

Ба қавли афроди зарардида, ҳанӯз ҳам касе аз ҷониби мақомот ба кӯмаки онҳо нарасидааст. Фотима Наимова, як сокини дигар, мегӯяд, то кунун ҳеҷ маводи ғизоӣ аз ҳукумату созмонҳои мадарасон дастрас накардаанд. Инчунин, ба гуфтаи ӯ, вазъи зиндагии онҳо низ хеле бад аст.

Аммо Ҳамид Абдуллоев, шаҳрдори Кӯлоб, мегӯяд, дар паи таҳияи рӯйхати афроди зарардида ҳастанд ва шояд то фардо кӯмакҳо ба осебдидагон расонида шавад.

Аҳмади Иброҳим, рӯзноманигор ва як тан аз ин афроди зарардида, мегӯяд, оҷизии ҳукумати маҳал бори дигар дар ин маврид исбот гашт. Ӯ мегӯяд, ҳукумат на танҳо натавонист ҷони инсонҳоро наҷот диҳад, балки дар таҳияи як рӯйхат давоми се рӯз аст, мушкилӣ мекашад.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи душанбе дар ҷаласаи фавқуллодаи ҳукумат гуфт, ки бар асали селхезии ахир дар вилояти Хатлон, ба вежа дар минтақаи Кӯлоб даҳҳо нафар ҳалок ва панҷоҳ тани дигар беному нишон шудаанд.

Фоҷиаи Кӯлоб
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:47 0:00
XS
SM
MD
LG