Ҷессика Ватсони 16-сола, ҷавонтарин нафаре, ки ба танҳоӣ тавассути киштии навъи яхта ба сайёҳати давродаври ҷаҳон баромадааст, гуфт, ки худро қаҳрамон намеҳисобад. Ҷесика ба мардуме, ки ба истиқболи ӯ дар Сиднейи Австралия ҷамъ омада буд, гуфт, ки ӯ “ҳамагӣ як духтари оддиест, ки ба бароварда шудани орзуҳояш бовар дорад.” Ҷессика Ватсон тавассути як яхтаи 10-метри ҷаҳонро дар 7 моҳ давр зад. Як духтари 13-солаи ҳолландӣ мехост ин рекорди ӯро замин кунад, вале додгоҳ ба далели ноболиғӣ ба ӯ иҷозати чунин сафарро надод.