Сомонаи интернетии Фарғона.ру аз қавли Рамил Нодиров-раиси ситоди артиши Тоҷикистон ва муовини аввали вазири дифоъи Тоҷикистон навиштааст, баъд аз таъмири фурудгоҳи низомии Айнӣ ҳоло нируҳои Тоҷикистон дар ин фурудгоҳ мустақар шудаанд ва нируҳои Русия дар он ҷо нестанд. Ин фурудгоҳ дар 15 километрии шарқи шаҳри Душанбе қарор дорад. Дар давоми соли гузашта матбуот дар бораи алоқамандии низомиёни Русияву Ҳиндустон ва Покистон ба ин фурудгоҳ матолиб ба нашр расондаанд. Аз ҷумла, Анатолий Сердюков-вазири дифои Русия дар ҷараёни боздиди соли гузаштаи худ аз Тоҷикистон гуфт, ин ду кишвар тасмим гирифтаанд, ки аз фурудгоҳи низомии Айнӣ муштаракан истифода кунанд.