Мақомоти вилояти Хатлон мегўянд, шумораи гирифторони бемории СПИД аз роҳи нашъамандӣ дар минтақа ба маротиб бештар шудааст.
Масъулини Маркази табобати махфии нашъамандӣ дар вилояти Хатлон мегўянд, бештари мубталоёни СПИД аз роҳи сўзандору ва нашъамандӣ сироят ёфтаанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки таҷрибаи ҷаҳонӣ мегўяд, гирифторони СПИД асосан дар пайи алоқаи ҷинсӣ сироят меёбанд.
Феълан дар вилояти Хатлон 400 нафари мубтало ба бемории СПИД ба қайд гирифта шудааст, ки аз он миён 197 нафарашон нашъаманд будаанд.
Хонум Мирзоева, корманди Маркази муолиҷаи махфии нашъамандон, мегўяд, «дар Ғарб асосан тавассути алоқаи ҷинсӣ, аммо дар мо бештар нашъамандон гирифтори СПИД мешаванд. Аз 30 нафаре, ки бемориашон имсол дар маркази мо тасдиқ шуд, нисфашон аз роҳи нашъамандӣ ба СПИД сироят ёфтаанд. Бисёрашон ҷавонанд, аз 19 то 25-26-сола ҳастанд, безананд, аммо оиладор шуданианд».
Омори расмӣ ва ғайрирасмӣ
Ин ҳама дар ҳолест, ки ба гуфтаи Турсунпўлод Норқулов, мудири шўъбаи арзёбӣ ва баҳодиҳии Маркази мубориза бо нашъамандӣ, , шумори гирифторони СПИД дар вилояти Хатлон нисбат ба омори расмӣ ба маротиб бештар буда метавонад.
Вай мегӯяд, «дар Хатлон 400 гирифторони ВИЧ СПИД дар қайд буда, 305 мард (76%) ва 95 нафар зан (24%) мебошанд. Ба воситаи сўзандору 197 нафар сироят шудаанд, 132 нафар аз алоқаи ҷинсӣ, 9 нафар аз модар ба кўдак, бо маводи хун 3 нафар, 9 нафар номаълум аст роҳи гузаришаш. Аммо хеле зиёддтар аст шумораи ҳақиқии гирифторон».
Коршиносони маҳаллӣ мегўянд, бо таваҷҷўҳ ба ин ки 7 ноҳияи вилояти Хатлон ҳаммарз бо Афғонистон, кишвари аслии истеҳсолкунандаи маводи мухаддир, ҳастанд, шумораи нашъамандон ва ҳамин гуна гирифторони СПИД рў ба афзоиш ниҳодааст.
"Фаровонии" маводи нашъадор
Дастрас будани маводи нашъадор барои наврасону ҷавонон ва қимати начандон баланд доштани маводи мухаддир дар бозори сиёҳи минтақа боиси гирифтории насли нав ба нашъамандию СПИД дар Хатлон шудааст.
Ба иттилои манобеи ғайрирасмӣ, танҳо як қуттии гўгирд чарс - як навъи маводи мухаддир дар бозори сиёҳ ҳудудан 50 сомонӣ арзиш дорад, ки нашъаманди маъмулӣ ин андоза нашъаро як моҳ истифода мекунад.
Ва аммо Бибишарифа Нозимова, сокини ноҳияи Вахш, мегўяд, истифода аз сўзандору ва нашъамандӣ роҳи ягонаи гирифторӣ ба СПИД нест. Ба гуфтаи ӯ, як бахше аз беморони СПИД муҳоҷирони корӣ мебошанд, ки дар хориҷи кишвар ба ин беморӣ гирифтор шудаанд.
Роҳи аслии коҳиши бемории СПИД
Бо ин ҳама коршиносон ва мақомоти зидахли вилояти Хатлон мегўянд, як роҳи аслии коҳиши мизони гирифторӣ ба СПИД ва нашъамандӣ - маҳви гурўҳҳои муташаккили қочоқбар ва нашъаҷаллоб аст.
Ожонси зидди маводи мухаддир дар вилояти Хатлон дар соли 2010 се гурўҳи трансмиллии қочоқбарро кашф кардааст, ки ба фурўши маводи мухаддир ва ҷалби наврасону ҷавонон ба нашъамандӣ машғул будааст.
Ожонси мазкур мегўяд, дар солҳои охир дар вилояти Хатлон ҳамчунин воқифсозии аҳолӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ дар сатҳи лозима ба роҳ монда нашудааст, ки оқибатҳои ногувори он ҳамакнун ба мушоҳида мерасад.