Бештар аз сесад нафар сокини ноҳияи Ҳамадонӣ аз ҳамлаи сангҳои велград шикоят намуда ва муолиҷа шудаанд. Афзоиши сагҳои бесоҳиб ҳукумати ин ноҳияро водор кардааст, то дар назди шӯъбаи корҳои дохилӣ гурӯҳи вижаи мубориза бо сагҳои велгардро таъсис диҳад.
Масъулини ҳукумати ин ноҳия мегӯянд, таи ду соли ахир шумори чунин сагҳо дар маркази ноҳия ба таври бесобиқа азоиш ёфтааст.
Алихон Холиқов, ҷонишини раиси ҳукумати ноҳияи Ҳамадонӣ мегӯяд, қаблан дар ноҳия чунин сагҳо тариқи заҳролудкунӣ кушта мешуд, аммо таҷриба нишон дод, ки ин кор натиҷаи хуб надорад.
Маъраки сагкушӣ
Ҳоли ҳозир, ба гуфтаи ӯ, гурӯҳи махсус сагҳоро дар хиёбонҳо бо тири тапонча парронида, сипас бо кӯмаки идораи комуналӣ дар берун аз ноҳия, дар ҷойи махсус ба хок месупоранд.
“Куштани сагҳои дайду зарур буд, зеро миқдораш дар ноҳия хеле афзоиш ёфт. Миёнашон сагҳои бемор, ба мисли бемории хориш дошта низ буд. Комиссияи махсус таъсис додем, тир пайдо кардем ва онҳоро мепарронем. Заҳролудкунӣ хатарнок аст, зеро имкони дигар паррандаву ҳайвонотро заҳролуд кардан мумкин аст.”
Асрор Юсупов, сардухтури беморхонаи марказии ин ноҳия мегӯяд, давоми ду соли ахир ба беш аз 300 нафар сокинони ноҳия сагҳои дайду ҳамла намуда, зиён расонидааст.
Аммо аз ин миён танҳо ду нафар ҳамчун гирифтори бемории ҳорӣ ё худ девонагӣ сабт шуда, дар беморхона шифо ёфтаанд.
Ҷаноби Юсупов мегӯяд, дар натиҷаи муборизаи ҷиддӣ шумори чунин сагҳо ҳоли ҳозир дар ноҳия коҳиш ёфтааст.
Агар саги девона газид, бояд чиҳил сӯзан зад
Аммо пизишкон мегӯянд, ба ҳар нафаре саг ҳамла мекунад, барои эҳтиёт ва то дақиқ шудан, ки он бемории ҳорӣ ҳаст ё на, бояд дар баданаш чиҳил сӯзандорӯ гузаронида шавад.
Зеро дар сурати дигар, ин беморӣ, ки аз ашки саги ҳорӣ мегузарад, имкон дорад, дар кутоҳтарин мӯҳлат инсонро ба ҳалокат расонад.
Дар ҳамин ҳол, Комрони Одина, як ҷавон мегӯяд, газидани саг ба ӯ зарари ҷисмониву молиявӣ расонидааст.
Ӯ мегӯяд, “ вақте, ки саг газид , барои эҳтиёт гуфтанд, 40 сӯзандорӯ бояд дар атрофи шикам гузаронам. Ин сӯзандорӯҳо қариб сад доллари амрикоӣ қиммат доштаанд”.
Баҳси қабристони сагҳои бесоҳиб дар Кӯлоб
Абдуҳалим Шоҳусайнов, сардори идораи байторӣ дар минтақаи Кӯлоб, аз шеваи куштан ва гӯронидани сагҳои дайду дар шаҳру навоҳии минтақа интиқод мекунад.
Ӯ мегӯяд, борҳо аз мақомот хоҳиш кардааст, мавзеъҳои махсус барои гуронидани чунин ҳавоноти ҳалокшуда бунёд кунанд, аммо то ҳанӯз ин мушкил ҳал нашудааст.
“Ин гуна ҳайвонот дар куҷое, ки рост омад, набояд гӯронида нашаванд. Чойҳое бошад, ки оби таги заминӣ нагузарад ва ягон намуди ҳайвон низ гузар накунад. Дар сурати дигар эҳтимоли паҳншавии ҳар гуна бемориҳо вуҷуд дорад”.
Бад ин тартиб, ба ҷуз ноҳияи Ҳамадонӣ дар дигар шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлоб таи як соли ахир беш аз 700 саги бесоҳиб кушта шудааст.