Бар асари як бобмгузории интиҳорӣ дар вилояти Зобул дар ҷанубушарқи Афғонистон, се нафар кушта шуд. Муҳаммадҷон Расулёр, сухангӯи волии Зобул гуфт, қурбониёни инфиҷор, як муҳофизи ширкати хусусии амниятӣ ва ду ғайринизомӣ будаанд. Дар ин ҳодиса ҳамчунин ҳафт нафари дигар захмӣ шудааст. Айни замон гузориш мерасад, ки аз рӯзи ҷумъа то кунун дар ҷараёни ҷанг алайҳи Толибон дар вилояти Қундузи Афғонистон ва манотиқи қабоилнишини Покистон дасти кам 40 нафари онҳоро куштаанд.