Фаъолияти ҳукумати муваққати Қирғизистон барои шаш моҳ дар назар гирифта шудааст, ҳукумате, ки баъд аз фирори Қурмонбек Боқиев аз Бишкек ва дар натиҷаи эътирозҳои хушунатомез бар зидди раҳбарияти мавҷуда қудратро ба даст гирифт.
Ин ҳукумати муваққат тасмим гирифтааст, ки Сарқонуни нав ва қонуни ҷадид дар бораи интихоботро омода созадд ва интихоботи нави парлумонӣ баргузор кунад.
Баъд аз суқути пурсару садои Боқиев ва фирори вай бо миёнҷигарии маҳофили байналмилалӣ дар шоми 15-уми апрел ҳоло як суол беҷавоб мондааст, ки оё ҳукумати муваққати Қирғизистон, ки аз 14 нафар шахсиятҳои дорои дидгоҳҳои гуногуни сиёсӣ ташкил шудааст тавони идораи умури Қирғизистонро дар шаш моҳи оянда дорад?
Нақшаи низоми парлумонӣ
Аъзои ҳукумати муваққат моҳи гузашта узви Қурултои мардумӣ интихоб шуда буданд, яъне узви як ниҳоди мардумӣ, ки дар сурати барканории Боқиев ба зудӣ зимоми қудратро ба даст бигирад. Онҳо эълон кардаанд, ки низоми парлумониро дар кишвар ҷорӣ мекунанд, то бад-ин тартиб салоҳияти низоми иҷроӣ коҳиш ёбад ва мақоми раёсати ҷумҳурӣ дар Қиризистон ба як мақоми ифтихорӣ табдил ёбад.
Онҳо бар ин назаранд, ки чунин шеваи раҳбарӣ кишварро аз мушкилиҳое, ки дар давраи раҳбарии ду раисиҷумҳури гузашта пеш омад , дар канор нигоҳ хоҳад дошт.
Аммо Райшан Ҷиенбеков, муовини раиси ҳизби "Ата Мекен", мегӯяд, "ман бовар дорам, ки дар миёни аъзои ҳукумати муваққат тафриқаҳо пеш хоҳад омад, зеро онҳо ақидаҳо ва дидгоҳҳои мухталиф доранд. Вале мо саъй мекунем эътилофе ба вуҷуд орем ва ҳоло сари он кор мекунем, то ин ҳукумат 5-6 моҳи дигар то ташкили ҳукумати қонунӣ дар раҳбарӣ бимонад".
Феликс Қулов, нахуствазири пешини Қиғизистон, низ аз идомаи фаъолияти ҳукумати муваққат дар шаш моҳи оянда шак дорад. Вай дар давраи Аскар Оқоев зиндонӣ шуд ва ҳафтаи пеш дар мусоҳибае як зарулмасали қирғизиро ба забон овард, ки "Дар як дег ду калла намеҷӯшад".
Номзади аслӣ ба мақоми президент
Дар давоми як ҳафтаи фаъолияти ҳукумати муваққат маъруфтарин шахсияти сиёсӣ Роза Отунбоева буд, ки ҳоло раҳбарии ин ҳукуматро бар ӯҳда дорад. Вай дар гузашта вазири корҳои хориҷаи Қирғизистон ва сафири ин кишвар дар Амрико ва Бритониё буд. Дар таркиби аъзои ҳукумати муваққат вай шахсест, ки бештар аз дигарон таҷрибаи байналмилалӣ дорад.
Вале то ҳол маълум нест, ки Отунбоева барои курсии раёсати ҷумҳурӣ дар интихобот ширкат хоҳад кард ё хайр ва вай ба андозаи кофӣ пойгоҳи сиёсӣ дорад, ки аз вай битавонад ҳимоят кунад. Ба ҳамин далел шаш моҳи оянда сарнавишти сиёсии вайро барои оянда ҳал хоҳад кард.
Сокинони Бишкек роҷеъ ба шахсияти Отунбоева назари мусбат доранд ва мегӯянд, 10 рӯзи раҳбарӣ дар марҳалаи мушкил нишон дод, ки вай шахси орому мӯҳтарам аст. Гулпарӣ Эдилова, ки 10-уми апрел дар маросими дафни қурбониёни нооромиҳои Бишкек ширкат дошт, Роза Отунбоеваро бо Қурманҷан Датка муқоиса мекунад, ки ба қаҳрамони афсонавии қарни 19-уми мардуми қирғиз табдил ёфтааст.
Вале равшан нест, ки дар ҷомеаи муҳофизакор ва исломии Қирғизистон занро ба мақоми раҳбарӣ бипазиранд. Онҳо дар ин бора тасаввури рӯшан надоранд. Баъзе аз шахсоне, ки бо бахши қирғизии радиои Озодӣ дар бораи Отунбоева сӯҳбат кардаанд, мегӯянд, ки агар вай раҳбар интихоб шавад, ҷомеи қирғиз мушкил хоҳад дошт, зеро вай зан аст.
Нафари дуввуми ҳукумати муваққат
Шахсияти дигари маъруф Омурбек Тикебаев - раиси ҳизби сотсиалисти "Ата Мекен" аст. Вайро чун шахси боҷуръат дар миёни сиёсатмадорони қирғиз мешиносанд ва имкон дорад, ки номзадиашро ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ пешбарӣ кунад. Вай дар давраи Инқилобии лолаӣ раиси парлумон интихоб шуд.
Вале ба зудӣ бо Қурмонбек Боқиев моҷаро кард. Тикебаев дар як мусоҳибаи телевизионӣ дар бораи президент гуфт, "сагест, ки бояд худро дар аввалин дарахти пешомада биовезад" ва бо чунин гуфтаҳо шӯҳрат пайдо кард.
Дар мусоҳибае бо радиои Озодӣ аз вай пурсиданд, ки чӣ тавр метавон аз ришвахории решагирифтаи раҳбарон ва хонаводаи онҳо дар оянда пешгирӣ кард? Тикебаев гуфт, "мо ҳоло 14 нафарем ва миёни мо муросо мушкил аст". Вале баъд аз таваққуф оҳе кашиду илова кард: "Ман, албатта, шӯхӣ мекунам".
Собиқ рақиби Боқиев дар интихобот
Алмазбек Атамбоев шахсияти дигаре дар ҳукумати муваққатист, ки ҳоло кафили муовини вазири иқтисод ва аз ҳизби сотсиал-демократ аст. Вай ҳангоми гуфтугӯ лаҳни тунд дорад. Вай боре Боқиевро "политический труп" ё "сиёсатмадори мурда" ном бурд.
Вай дар соли 2007 шаш моҳ нахуствазири ҳукумати Боқиев буд, вале баъд аз тазоҳуроти эътирозии густарда барканор шуд. Атамбоев дар интихоботи соли 2009 раёсати ҷумҳурӣ эътибори худро аз даст дод, зеро дар нимароҳи рақобатҳо номзадии худро фаро хонд, гарчи маълум буд, ки дар натиҷаҳои интихобот тақаллуб мекунанд.
Темир Сариев кафили муовини вазири молияи ҳукумати муваққат низ чеҳраи шинохта дар миёни мухолифон аст. Вай дар давоми як ҳафтаи нооромиҳо раҳбарии сиёсиро дар ихтиёр дошт. Вай аз он ҷиҳат низ маъруф аст, ки бо Кохи Кремли Маскав робитаи хуб дорад. Вай 6-уми апрел аз Маскав баргашт ва эълон кард, ки бо Владимир Путин, нахуствазири Русия, мулоқот кардааст ва Путин қавл додааст, ки Русия ба мухолифони қирғиз кӯмак мекунад.
Дар кишваре, ки дар рӯзҳои ахир эътибори Русия боло рафтааст ва наҳваи бархӯрди он барои барканории Боқиев кӯмак кардааст, робитаи хуб бо Маскав низ метавонад муфид бошад.
Муттаҳиди аслии Роза Отунбаева
Азимбек Бекназаров ҳамраиси ҳизби «Асаба» бо Роза Отунбоева мебошад. Вай ҳоло раҳбарии ниҳодҳои интизомиву амниятиро дар ихтиёр дорад. Бекназаров ба унвони намояндаи парлумон бо якравиҳои симёсиаш шӯҳрат падо кардааст. Ба тасвиби пешнависи қонунҳое, ки ҳукумат ба парлумон мефиристод мамониат мекард.
Таҳлигарон мегӯянд, чун Бекназаров маҳорати созиш ё гузашт надорад, наметавонад рақиби аслӣ дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ бошад, вале чун муттаҳиди сиёсӣ бо ҳар нерӯ шахсияти арзишмандест.
Амирбек Усмонов, таҳлилгари умури Қирғизистон дар радиои Озодӣ, мегӯяд, бо назардошти ҳамаи ин 18-уми апрел Омурбек Текебаев изҳороте пахш кард ва гуфт, ки аз номзадии Роза Отунбоева ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ ҷонибдорӣ мекунад.
Усмонов чунин мегӯяд, "вай изҳор дошт, ки ҳизби вай "Ата Мекен" аз номзадии Роза Отунбоева ба унвони кафили мақоми раёсати ҷуимҳурӣ ҷонибдорӣ мекунад. Ҳамзамон бо ин, онҳо мехоҳанд ин масъаларо дар райпурсӣ барои Қонуни Асосии нав низ матраҳ кунанд".
Ба ақидаи Усмонов, ба эҳтимоли зиёд мақоми ифтихории раёсати ҷумҳурӣ брои Роза Отунбоева пешбинӣ мешавад ва Омурбек Тикебаев дар давлати дорои низоми парлумонӣ раиси парлумон ва курсии нахуствазири Қирғизистонро Темир Сариев соҳиб хоҳад шуд.
Бо васфи ҳамаи ин, ҳоло дар ҷомеаи Қирғизистон ба масъалаҳои мушкил чандон таваҷҷӯҳ надоранд, яъне ин масъала, ки чӣ тавр бояд демократия дар ин кишвар барқарор шавад ва ё баъд аз фирори Боқиев чӣ тавр дар кишвар бояд оромӣ ҳифз шавад.