Атфоле, ки дар Бадахшон ба иллати хирагии чашм ва олусӣ гирифтор ҳастанд, дар шифохонаи вилоятӣ имконияти табобатро пайдо намуданд.
Таҷҳизоти нави лазерӣ, ки ба шӯъбаи бемориҳои чашм дохил шуд, барои ташхису табобати чунин атфол шароит фароҳам сохтааст. Ба иттилои пизишки муолиҷакунанда Нуқра Дарморахтова, аллакай 25 тифл бо усули нав табобат шуа, шумори кӯдакону наврасоне, ки дар вилоят ба табобат ниёз доранд, ба 500 нафар мерасад.
Пизишкон сабабҳои афзоиши атфоли иллати чашмдошта дар вилоятро умдатан ба камхунии модарон ва ҳануз дар ҷанини модар осеб хурдани косахонаи мағзи сари атфол ва риоят нашудани тарзи ҳаёти солим рабт медиҳанд.
Онҳо мегӯянд, бештари бемориҳои чашми атфол дар моҳҳои аввали пас аз таваллуд пайдо гардида, ба ташхису табобати таъҷилӣ ниёз доранд ва пизишкони шӯъбаи бемориҳои чашми Бадахшон акнун чунин имкониятҳоро дорад.
Муъминамо Некакова, модари Нилуфари хурдсол, мегӯяд, ки пас аз чанд моҳи таваллуди духтарчааш онҳо нишонаҳои пайдо шудани иллати чашмро дар вай мушоҳида кардаанд. Вай афзуд, тайи як ҳафтаи табобат дар шӯъбаи шифохонаи вилоятӣ онҳо эҳсос кардаанд, ки ҳолати биниши чашмони духтарчаашон беҳтар шудааст.
Бо фарорасии фасли баҳор беморони чашм дар Бадахшон зиёд мешавад. Ба гуфтаи пизишки шӯъба Қудратбек Чарсемаков, тайи моҳҳои охир зиёда аз 200 нафар ба онҳо муроҷиат карданд, ки аз сурхшавӣ ва хирашавии чашм ранҷ мебаранд.
Пизишк баён дошт, ки хуруҷи мавсимии бемориҳои чашм дар Бадахшон аз нурҳои ултрабунафш, ки дар шароити баландкӯҳ таъсири бештар доранд ва норасиии гармонҳо дар бадани инсон ба вуқӯъ мепайвандад.
Пизишкон ба хотири ҷилавгирӣ аз бемориҳои баҳории чашм истифодаи айнакҳои сиёҳшиша ва пойафзоли чарминро барои сокинон дар минтақаҳои баландкӯҳи вилоят тавсия медиҳанд.