Фарҳанги гумшудаи китобхонӣ

Кӯдакону наврасони Хоруғ мегӯянд, дар китобхонаҳои бачагона на ҳамеша китобҳои нав ва заруриро пайдо мекунанд.
Ба гуфтаи Зоҳири Зафар, як хонандаи мактаби шаҳр, вай чанд китобро мутолиа кардааст, ки ҳамаашон ба русӣ будаанд ва мехоҳад, ки китобҳои шавқовар бо забони тоҷикӣ ҳар чӣ бештар ба китобхона ворид гарданд. Замир, як хонандаи дигар, аз теъдоди ками китобхонаҳои бачагона дар шаҳр нигарон аст ва гуфт, хонандагоне, ки дар канораҳои шаҳр истиқомат мекунанд, имконияти ками иртибот бо чунин муассисоти фарҳангиро доранд.

Ба гуфтаи сардори китобхонаи вилоятӣ Алидод Чароғабдолов, аз 12 китобхонаи бачагона дар вилоят танҳо дар 4-тоашон шароити мусоид барои хонандагони хурдсол ва нигаҳдории китоб фароҳам шудааст. Вай гуфт, таи солҳои охир дар қатори дигар биноҳои фарҳангӣ китобхонаҳои бачагона низ мавриди «ҳуҷум» қарор гирифтанд. Ба гуфтаи Алидод Чароғабдолов, як китобхонаи шаҳр хусусӣ ва ба бинои истиқоматӣ табдил ёфта, дар ноҳияҳо низ китобҳои бачагона аз биноҳои барҳаво берун карда шуданд. Вай афзуд, дар ноҳияи Роштқалъа ҷойи китобхонаи бачагонаро идораи додситонӣ гирифт ва дар бештари ҳолатҳои дигар дар ноҳияҳо китобхонаҳо дар манзилҳои шахсӣ фаъолият мекунанд.

Алидод Чароғабдолов баён дошт, ки таи солҳои охир теъдоде аз китобҳои нав барои хурдсолон ва наврасон ба забони тоҷикӣ ба китобхонаҳо ворид шудаанд, аммо фонди китобӣ ҳанӯзам кӯҳна аст ва ба шавқу завқи хонандагони хурдсол мутобиқат надорад.

Ба гуфтаи омӯзгори мактаби шаҳр Носиршо Толибшоев, тарғиби китоб ҳамчун манбаъи дониш ва фарҳанг аз ҷониби масъулини фарҳангу маориф хусусияти мавсимӣ дошта, поин рафтани фарҳанги китобхонӣ дар хонаводаҳо яке аз сабабҳои дигари коҳиши таваҷҷӯҳ ба мутолиа шудааст.

Аммо масъулини идораи фарҳанг мегӯянд, ахиран таваҷҷӯҳ ба мутолиаи китоб байни хурдсолон ва наврасон меафзояд. Ба фикри онҳо, баргузории фестивали ҳафтаи китоби хурдсолон ва наврасон, ки соли саввум аст, дар ҷумҳурӣ гузаронида мешавад, ба тарғиби китобхонӣ ва донишандузӣ дар байни хурдсолону наврасон мусоидат намудааст. Ба гуфтаи масъулини китобхонаи бачагонаи вилоятӣ, алҳол теъдоди хонандагонашон ба 500 нафар расидааст.

Шарифа, як иштирокчии хурди фестивали ҳафтаи китоб, гуфт, дар ҷараёни чунин чорабиниҳо бо муаррифӣ гардидани китобҳои нав ва мулоқот бо шоирон ва нависандагони маҳаллӣ шавқу завқашон ба китобхонӣ ва каломи бадеъ зиёд мешавад ва китобхона ба ҷойи дӯстдоштаашон табдил мегардад.

Фарҳангшинос Умед Мамадшерзодшоев аз нақли солмандони ноҳияи Шуғнон ёдовар мешавад, ки дар солҳои қабл аз марзбандӣ як шахси босаводи деҳоти Сучони ноҳия китоби «Маснавии маънави»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии чопи литографии Бомбайи Ҳиндустонро бар ивази ду ҷуфт барзагови корӣ аз тоҷирон харид намудааст. Вай изҳори нигаронӣ намуд, ки аммо алҳол дар Бадахшон коҳиши шавқу завқ ба мутолиаи китоб на фақат дар байни хурдсолону наврасон, ҳамчунин ашхоси калонсол ба мушоҳида мерасад ва ин халоъро ҳар чӣ бештар расонаҳои электронӣ пур мекунанд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Коҳиши одати китобхонӣ