Меваҳои чинӣ ҷои себи хубониро мегирад

Себу нокҳои чинӣ имрӯз бозорҳои водии Раштро, ки бо себи хубонӣ ва ноки ғармӣ машҳур аст, танг карда зеби дастурхони мардум гаштааст.
Ҳарчанд меваҷоти чинӣ таъми ноку себи ватаниро надорад, вале мардуми Тоҷикистон аксаран онро харидорӣ мекунанд. Сабаби инро боғдорони тоҷик дар камбуди маводи минералӣ мебинанд, ки он дарахтони себу нок, махсусан себи хубониро хушку камбор кардааст.

Ба қавли Давлат, як нафар боғбони ноҳияи Рашт, тайи солҳои ахир даҳҳо ҳектор боғзорҳо, ки аслан аз дарахтони мевадиҳандаи себу нок иборатанд, нобуд шудаанд. Вай афзуд, ба далели мушкилоти молӣ бисёре аз боғбонҳо аз доруҳои минералӣ истифода намекунанд. Ҳамзамон ба гуфтаи ӯ, доруҳои тақаллубӣ зиёд шудаанд.

Дар ҳамин ҳол бо хушк шудани дарахтони мева на танҳо дар шаҳрҳои калони Тоҷикистон, балки дар ноҳияҳо ва деҳкадаҳо низ дар дастурхони мардум ҷои меваҳои маҳаллиро себу ноки чинӣ, банана, какос, кивӣ ва чанд навъи дигари меваҳои минтақаи субтропикӣ гирифтааст.

Мусоҳиби дигари мо Тоҳир Ализода, ки ба тиҷорати мева машғул аст, сабаби ин дигаргунӣ дар дастурхони мардумро дар тавлидоти мева дар Тоҷикистон медонад. Вай гуфт, бо ин ҳама соли гузашта маҳз дарахтони себ хуб бор набаста буданд ва ин ба воридоти бештари меваҷот аз кишварҳои хориҷ боис шудааст.

Себи чинӣ ва мандарини покистонӣ дар дастурхони тоҷикӣ


Ҷаноби Ализода мегӯяд, ҳозир ӯ ва дигар тоҷирони бозор барои фурӯш бештар себу ноки чинӣ, мандарини покистонӣ ва меваҳои тропикии банан, ананас ва кивиро тиҷорат мекунанд. Вай афзуд, аз он ки хароҷоти роҳ гарон меуфтад, ҳар як килои ин меваҳо аз 8 то 9 сомонӣ арзиш доштаанд, ки на ҳама имкони харидории онро доранд.

Аммо ин мусоҳиби мо гуфт, ҳарчанд меваҳои чинӣ намуди зоҳирии хуб дошта бошанд ҳам, аммо он лаззат ва он маззае, ки себу ноки Тоҷикистон дорад, баробар шуда наметавонад. Вай мегӯяд, харидорон меваҳои хориҷиро асосан бо мақсади баргузории маъракаҳо харидорӣ мекунанд, вале барои хонаводаи худ бештар меваҳои ватаниро мехаранд.

Вай афзуд, харидорони хориҷӣ низ ба меваҳои Тоҷикистон бартарият медиҳанд. Зеро, ба гуфтаи онҳо, дар истеҳсоли меваҳои чинӣ аз васоити кимиёӣ фаровон истифода мешавад, ки онро ба таври сунъӣ якчанд сол тару тоза нигоҳ медорад.

Сад мушкили боғбони тоҷик

Боғбонҳои минтақаи Рашт мегӯянд, ки аксари боғзорҳои ин водӣ дар даврони Шӯравӣ бунёд ва дарахтони онҳо солманду камбор шудаанд. Онҳо талош доранд, ба ҷойи дарахтони куҳансол ниҳолҳои нав шинонанд.

Аммо ба гуфтаи соҳибназарон, ин ҳам мушкили мавҷударо рафъ намекунад. Зеро камбуди об, норасоии маводи минералӣ ва доруҳои мухталиф имкон намедиҳад, ки дарахтон сабз шаванд ва шоху барг андозанд.

Мирзошоҳи Акобир, муассиси ягона боғи ботаникӣ дар Рашт, мегӯяд, имрӯз сатҳи зиндагии мардум ба он дараҷае нест, ки мардум ниҳол харидорӣ кунанд ва боғи нав бунёд намоянд. Дуввум, афроде, ки мехоҳанд боғ бунёд кунанд, замин надоранд. Аз сӯи дигар, гарониии қимати доруҳои кимиёӣ ва тақаллуби будани бархе аз намуди ин доруҳо боғбонҳоро то ҷое ноумед мекунад.

Бемориҳои дарахтон ва доруҳои тақаллубӣ

Дар ҳамин ҳол Ҳомидҷони Шароф, як нафар боғбон, гуфт, ҳамасола аз 10 тонна нок ҷамъоварӣ мекард. Аммо дар соли гузашта дарахтонаш ба бемории мавсум ба «занҷираки калифорнӣ» гирифтор шудаанд. Вай бо машварати мутахассисони ин соҳа аз анвои доруҳое истифода кардааст, вале ба ҷойи кам шудани ин беморӣ, баръакс он афзоиш ёфтааст.

Ҷаноби Шароф афзуд, боғбонҳо солҳои ахир ба фиреби доруфурӯшон бештар гирифтор мешаванд. Ба гуфтаи ӯ, агар вуруди доруҳои минералӣ ба Тоҷикистон аз сӯи мақомот контрол ва танзим нашавад, мушкили боғдорон боқӣ хоҳад афзуд.

Ин дар ҳолест, ки бо дархости мақомоти маҳаллии Рашт дар ду соли пеш як ҳайъат аз донишкадаи боғдории пойтахт барои таҳқиқи амрози дарахтон ва бемории мавсум ба «саратони дарахт» аз Рашт дидан карданд. Вале боғдорон мегӯянд, ин ҳайат то имрӯз натоиҷи таҳқиқоти худро ба онҳо пешкаш накардааст.

Боғбонҳои муҳоҷир

Вале бо ин ҳама бархе аз мутахассисони маҳаллӣ мушкили соҳаи боғдориро дар муҳоҷирати кории мардуми минтақаи Рашт, ки аксаран боғпарваранд, мебинанд. Вале иддае, ки бо ин соҳа сару кор доранд, мегӯянд, майдони сирояти боғҳо сол то сол зиёд мешавад ва боғбонҳо намедонанд дар муқобили ин ҳама амрози сироятӣ аз чӣ кор бигиранд?

Мушкили дигар дар бархе аз манотиқи водии Рашт дар дасти боғбони асил набудани боғзорҳо ва заминҳои кишт унвон мешавад. Аксари боғзорҳо дар ин минтақаҳо дар ихтиёри афроде мебошанд, ки аз таҷрибаи боғдорӣ дур буда, танҳо ба хотири суд заминҳоро аз худ кардаанд.

Аммо Мардоналии Маҷнун, як сокини ҷамоати Нусратулло Махсум дар ноҳияи Рашт, мегӯяд, ҳамасола то 10 тонна себу нок ҷамъоварӣ мекунад. Сабаби муваффақияти худро ӯ дар таҷрибаи боғбонӣ медонад.

Замоне водии Рашт бузургтарин шаҳрҳои Осиёи Миёнаро бо меваҷоти шаҳдвораш таъмин мекард. Ва бо ин ҳама соҳибназарон мегӯянд, ба сурати идомаи чунин ҳол то чанд соли дигар лаззати себи хубониву ноки ғармӣ танҳо дар ёдҳо хоҳад монд.