Вазорати умури хориҷаи Амрико мегӯяд, Ҷорҷ Митчелл – фиристодаи хоси Иёлоти Муттаҳида, барои Ховари Миёна ба зудӣ ба ин минтақа бармегардад, вале санаи мушаххасе ҳанӯз таъйин нашудааст. Баъди он ки дар ҳафтаи гузашта Исроил эълом кард, дар минтақаҳои ишғолии Байтулмуқаддаси Шарқӣ шаҳракҳои нави яҳудининиш месозад, Ҷорҷ Митчелл сафари худ ба минтақаро аввали ин ҳафта ба таъхир андохт. Мақомоти Исроилу Фаластиниён гуфтаанд, шояд Ҷорҷ Митчелл рӯзи якшанбе ба минтақа биёяд. Аммо Гордон Дюгайд – сухангӯи вазорати умури хориҷаи Амрико дар шаҳри Вашингтон гуфт, вазъ "тағйирёбанда" аст ва Ҷорҷ Митчелл ҳанӯз санаи мушаххасе барои бозгашт таъйин накардааст. Гордон Дюгайд – ба гуфтаҳои Ҳилларӣ Клинтон – вазири умури хориҷаи Амрико ишора кард, мунтазири посухи расмии Исроил дар мавриди бунёди шаҳракҳои нави яҳудинишин аст. Амрико эъломи Исроил доир ба бунёди 1600 манзили нав дар Байтулмуқаддаси Шарқиро маҳкум кард, ки замони сафари Ҷо Байден ба Исроил садо дод.