Шумораи ҳарчи бештари беморон дар Хоруғ ба хизматрасонии пизишкони нахустин маркази хусусии тиббии «Солим» рӯ меоранд, ки бо таҷҳизоти ҳозиразамон муҷаҳҳаз гардидааст.
Сардори клиника Азизшо Хуҷасаидов мегӯяд, ки бо истифода аз таҷрибаи ҳосилкарда дар Пажӯҳишгоҳҳои тиббии ҷумҳурӣ ва такмили он дар солҳои фаъолият дар қушунҳои марзбонии рус дар минтақа вай ба таъсиси чунин як маркази ташхисӣ иқдом намудааст.
Ба гуфтаи ӯ, бо ихроҷи нерйҳори марзбонии рус бархе аз пизишкони маҳаллӣ, ки дар ин қароргоҳои марзбонӣ кор мекарданд, муҳоҷиратро ихтиёр карданд. Аммо вай ба хулосае омадааст, ки аз донишу таҷриба бояд ба нафъи худ ва мардум истифода кунад.
Ҷаноби Хуҷасаидов хонаашро ба гарав гузошта, бо қарзи бонкӣ таҷҳизоти ташхиси бемориҳои даруниро харид кардааст ва пизишкони варзидаро ба кор ҷалб кардааст.
Саъдоншо Ҷобаталишоев, як корафтода аз ноҳияи Роштқалъа, мегӯяд, ки қаблан бо сабаби набуди имконияти хуби ташхиси бемориҳои дарунӣ дар Бадахшон, хоҳарашро нодуруст ҷарроҳӣ кардаанд ва маҷбур шудаанд барои ҷарроҳӣ беморро ба маркази ҷумҳурӣ фиристанд.
Ба гуфтаи Саъдоншо, аммо акнун бо беҳбуд ёфтани вазъ ҳодисаҳои иштибоҳи табибон ва сарсониву саргардонии корафтодагон камтар хоҳад шуд.
Муовини сардори идораи тандурустии вилоят Шокарим Мамадкаримов изҳор дошт, ки дар Бадахшон тибби хусусӣ рушд накардааст ва маркази ташхисии «Солим» ва утоқҳои дандонпизишкӣ нахустин нишонҳои тибби хусусӣ дар минтақаанд.
Ба гуфтаи ӯ, марказҳои тиббии хусусӣ барои эҷоди рақобат дар соҳаи тандурустӣ ва баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ кумак мекунад ва мақомот дар густариши тибби хусусӣ манфиатдор мебошад.
Ахиран ҳамчунин як гурӯҳи пизишкон барои таъсиси як маркази саломатии хусусӣ дар ноҳияи Рушон тасмим гирифтаанд.