Маъмурони Ожонси мубориза алайҳи маводи мухаддири Тоҷикистон ахиран аз бағочхонаи фурудгоҳи Душанбе наздики 5 кило ҳероин кашф ва мусодира кардаанд.
Мақомоти ин ниҳод мегӯянд, ки кашфи ин миқдори бузурги маводи мухаддир тавассути Нора ва Рич, ду саги бӯгири Ожонс, муяссар шудааст. Феълан ҷустуҷӯи соҳибони бор идома дорад.
Ожонси зидди маводи мухаддир ба хотири муборизаи муассиртар бо қочоқбарон аз хидмати сагони бӯгир фаровон истифода мекунад ва ба ин хотир як маркази кинологӣ низ таъсис додааст.