Дар Маскав ба фурӯш рафтани ду нишони давлатӣ

Ду нишони узви Кумитаи марказии иҷроияи Ҷумҳурии мухтори шӯравӣ ва сотсиалистии Тоҷикистон дар музоядае дар Маскав ба қимати наздик ба 1 миллион рубли русӣ, муодили 30 000 доллар, ба фурӯш рафтааст. Нишони узви даъвати аввали ин ниҳод дар музоядаи “Империя” ба қимати ним миллион рубл ва нишони узви даъвати дуввуми Кумитаи иҷроия бо нархи 360 ҳазор рубл фурӯхта шуд. Гуфта мешавад, нархи пешниҳодшуда барои чунин нишонҳо рекордист. Қаблан чунин як нишон бо нархи 160 000 рубл ба фурӯш рафта буд.
Тоҷикистон аз соли 1924 то соли 1929 ҳамчун ҷумҳурии мухтор дар ҳайъати Иттиҳоди Шӯравӣ тобеъи Узбакистон буд.