Ӯзбакистон 200 "исломгаро"-ро муҳокима мекунад

Гурӯҳи мустақили ҳуқуқи инсони Ӯзбакистон имрӯз гуфт, 200 исломгароёни мазнунро ба тарҳрезии сарнагун кардани ҳукумати Ислом Каримов муттаҳам кардаанд. Сурат Икромов узви ин гурӯҳ гуфт, ин афродро ҳамчунин ба қатли мақомоти расмӣ дар соли 2009 муттаҳам мешаванд ва афзуд, ки ин иттиҳомот ҳама сохтаанд. Мақомоти расмии Ӯзбакистон ҳанӯз дар ин маврид шарҳе надодаанд. Гурӯҳҳои ҳомии ҳуқуқи инсон мегӯянд, дар Ӯзбакистон ҳазорон нафар афроди эътиқодманд, бо иттиҳоми иртибот бо созмонҳои тундрав ба зиндон андохта шудаанд.