Нигаронии мудири IAEA аз барномаҳои ҳастаии Эрон

Дар шаҳри Вена нишасти чаҳоррӯзаи шӯрои ҳуккоми Оҷонси Байналмиллалии Энержии Атомӣ оғоз шуд, ки дар он барномаи баҳсбарангези атомии Эрон баррасӣ мешавад. Юкиа Амано – мудири оҷонси мазкур зимни ин нишаст аз барномаҳои ҳастаии Эрон ибрози нигаронӣ карда гуфт, созмони мазкур наметавонад таъйид кунад, ки тамоми маводи атомӣ барои ҳадафҳои сулҳомез истифода мешавад. Ҳукумати Эрон имрӯз бо нашри номае ба оҷонси мазкур се мавридеро нишон додааст, ки ба гуфтаи Эрон, Амрикову Фаронса ва Олмон созиши ҳастаӣ бо Эронро нақз кардаанд. Дар ин нома аз шӯрои 35 нафарии ҳуккоми Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ хоста шудааст, ин масъаларо ба баррасӣ бигиранд.