Дар зилзилаи Чилӣ 122 нафар кушта шудаанд

Раисиҷумҳури Чилӣ, Мишел Бачелет мегӯяд, заминларзаи шадид танҳо дар минтақаи Мауле дар ҷануби кишвараш 122 нафарро ба ҳалокат расондааст. Нерӯи ин зилизила 8,8 дараҷаи ҷадвали Рихтер унвон мешавад. Қаблан дар бораи ҳалокати 76 нафар иттилоъ дода мешуд. Бачелет дар кишвараш вазъи фалокатбор эълон кард ва аз мардум хост, хештандорӣ кунанд. Маркази заминҷумбӣ, ба иттилои марказҳои зилзилсанҷӣ дар 300 километрии ҷанубуғарби Сантяго, пойтахти Чилӣ ва дар 100-километрии дувумин бузургтарин шаҳри Чилӣ, Консепсион воқеъ гаштааст. Дафъатан пас аз такони аввал зилзилаи дувум рӯй додааст, ки нерӯи он 6 дараҷаи ҷадвали Рихтер будааст.