Ду ҳизби сиёсии Қирғизистогн даъват кардаанд, ки Исмоил Исаков-вазири пешини дифои ин кишвар аз зиндон раҳо шавад. Йурушан Истанов- раҳбари Ҳизби Эрк ё Озодӣ ба радиои Озодӣ гуфт, "сабру тоқати мардум ба нуқтаи ниҳоӣ расидааст". Оқои Истанов меафзояд, агар ҳукумат ҳамчунон дархостҳои густардаи фаълони ҳуқуқи башар, ҳамкорони собиқи вазири пешин ва ҷонибдорони дигарашро нодида бигирад, дар он сурат мумкин аст мухолифони давлат истеъфои Қурмонбек Боқиев-раиси ҷумҳурро тақозо кунанд. Ҳизби Ата Мекен низ гуфтааст, ки ҷонибдори раҳоии Исаков мебошад.