Ситораи саршиноси мусиқии попи Туркия боздошт шуд

Пулиси Туркия Таркан-ситораи мусиқии попи ин кишварро боздошт кардааст. Вай дар ҷарёни амлиёти зидди маводи мухаддир як ҷо бо 9 нафари дигар боздошт шудаанд. Таркан, ки танҳо бо ҳамин ном шинохта шудааст, бино ба хабарҳо, бо ҳамроҳонаш барои ҳамдастӣ бо ду қочоқгари маводи мухаддир боздошт шудаанд. Кормандони ожонсии мубориза бо маводи мухаддир аз муддатҳо пеш бар фаъолияти онҳо назорат кардаанд. Гузоришҳо ҳокист, ки пулис аз хонаи Таркан дар берун аз Истанбул дар ноҳияе бо номи Омерлӣ миқдори ками ҳашиш кашф кардааст. То ҳол рӯшан нест, ки Тарканро дар хонааш боздошт кардаанд ё дар ҷои дигар. Беш аз як даҳсола Таркан ба ситораи саршиноси поп табдил шудааст ва аз фурӯши албомҳои таронҳояш дар Туркия ва Аврупо миллионҳо доллар ба даст овардааст.