Эҳёи гуфтугӯҳои расмии Ҳинду Покистон

Ҳинду Покистон баъд аз бомбгузориҳои хунини соли 2008 ба шаҳри Мумбай нахустин бор гуфтӯгуи расмӣ доир мекунанд. Дар мулоқоти вазирони умури хориҷаи ду кишвар, ғолибан мубориза бо терроризм, масъалаи қаламрави баҳсбарангези Кашмир, ки боиси ду ҷанг миёни Ҳинду Покистон шудааст, баррасӣ мегардад. Баъди ҳамлаҳои Мумбай, дар соли 2008, ки 170 нафарро кушт, Ҳиндустон мулоқотҳои расмӣ бо Покистонро муттавақиф карда гуфт, танҳо дар сурати иқдоми Покистон алайҳи он тундравон дар қаламраваш муколама бо ин кишварро аз сар хоҳад гирифт.