Клинтон: ИМА равобитро бо Сурия аз сар мегирад

Вазири умури хориҷаи Амрико Ҳиларй Клинтон зимни суханронй дар назди қонунгузорони кишвар гуфт, ки ИМА талош мекунад то Сурия худро аз Эрон канор бикашад ва аз таъмини ҷунбиши Ҳизбуллоҳ бо силоҳ худдорй кунад. Ин изҳороти хонум Клинтон дар арафаи сафари расмии раисиҷумҳурии Эрон Маҳмуд Аҳмадинажод ба Сурия садо дод. Интизор меравад, ки Аҳмадинажод ҳамроҳ бо ҳамтои суриагиаш Башор Асад дар маросими таҷлили мавлуди Паёмбари ислом Ҳазрати Муҳаммади Мустафо ширкат варзад.
Ҳафтаи гузашта Димишқ ишора карда буд, ки мехоҳад дар музокироти Эрону кишварҳои Ғарб оид ба барномаи баҳсбарангези ҳастаии Теҳрон миёнрав бошад. Хонум Клинтон ҳамчунин гуфт, ки аз Сурия даъват кардааст то ба мудохилааш ба умури дохилии Лубнон хотима дода, бо ҳукумати Ироқ ҳамкорӣ кунад ва гуфтушунидҳояшро бо Исроил аз сар бигирад.