Мушкили номзадон дар баргузории дидорҳо

Интихобкунандаҳои Хоруғ

Дар маъракаи таблиғотӣ дар Бадахшон манзилҳои истиқоматӣ ҷойи клубу хонаҳои фарҳангиро иваз кардаанд. Ба гуфтаи номзадҳо, ба сабаби валангории бисёре аз клубҳо, набуди хонаҳои фарҳангӣ ва сардии ҳаво онҳо маҷбуранд, ки аксари мулоқот бо интихобкунандагонро дар манзилҳои истиқоматӣ баргузор кунанд.
Ба иттилоъи раиси ҷамоати деҳоти Поршиневи ноҳияи Шуғнон Акимбек Хишолов, дар ин калонтарин ҷамоати ноҳия, ки қариб 8 ҳазор нафар сокин дорад, то ба ҳол ҳамагӣ як мулоқоти номзад ба вакилии парлумон аз ҳавзаи интихоботии 40-уми Ванҷ баргузор гардидаасту халос.

Ба гуфтаи сокинон, барои ин мулоқоти номзад аз ҲХДТ раиси ҷамоати деҳот манзили истиқоматии худро пешкаш кардааст. Ба гуфтаи Улфатшо Одинашоев, корманди маркази саломатӣ, аммо ҷиҳати тангии ҷой дар ин мулоқот танҳо бархе аз кормандони мақомот ва ҳамсояҳои раиси ҷамоати деҳот имкони ширкат пайдо кардаанд.

Ба гуфтаи омӯзгори мактаби деҳоти Поршинев Азизи Лутфасан, агарчанде ҷамоат дар 15-километрии маркази вилоят ҷойгир аст, аммо дар шароити кор накардани нуқтаҳои радио дар хонаҳо ва аз доираи пахши телевизиони Бадахшон берун мондани он баргузории мулоқот ягона василаи шиносоӣ бо номзадҳо ва барномаҳояшон мемонад. Вай гуфт, аммо маҳдуд будани имкони мулоқоти интихобкунандагон бо номзадҳо боис шудааст, ки интихобкунандагон оид ба номзадҳо дар ҳавза қариб тасаввуроте надоранд.

Фирӯз Шоҳмамудов, як интихобкунандаи ҷавон, гуфт, рақобати шадид байни се номзад ба вакилии маҷлиси вилоятӣ, ки мардум ҳамарӯза бо онҳо рӯбарӯ мешавад, вирди забони хурду бузурги деҳаашон аст, аммо дар мавриди шахсияти номзадҳо ба вакилии парлумон мардум маълумоти кам дорад.

Номзад Алим Шерзамонов мегӯяд, вай дар деҳоти дурдасти ноҳияи Шуғнон кӯшидааст, то мулоқот бо интихобкунандагонро дар клубҳои аз харобӣ эминмонда гузаронад, аммо бар асари сардии ҳаво дар дохили ин биноҳо боз ҳам маҷбур шудааст, сар ба манзилҳои истиқоматии ёру дӯстонашон бизанад.

Ба гуфтаи раиси комиссияи ҳавзаи интихоботии ҷумҳуриявии 41-и Хоруғ Отамшо Мақбулшоев, номзадҳо метавонанд сӯҳбату мулоқотҳоро дар клубу хонаҳои фарҳангии боқимонда ва ё хонаҳои истиқоматӣ бо хоҳиши худашон баргузор кунанд ва барояшон монеъае вуҷуд надорад.

Ба иттилоъи масъулини идораи фарҳанги Бадахшон, солҳои пеш дар минтақа зиёда аз 300 клуб фаъолият доштанд, аммо таи солҳои охир аксари онҳо тахриб ва ё хусусӣ шуда, ба анбору манзилҳои истиқоматӣ табдил ёфтанд.