Нахустин шумораи маҷаллаи адабӣ-фарҳангӣ дар Хоруғ бо номи «Пойи меҳр» интишор шуд.
Ба гуфтаи сардабири маҷалла Қудрат Шаҳ Чавлихон, вожаи «Помир» маънои «қадамгоҳи хуршед» ё «хонаи меҳр»-ро дорад ва аз ин рӯ ҳайати таҳририя тасмим гирифтааст, ки маҷалларо бо ин ном интишор диҳанд.
Сардабир ҳадафи таъсиси маҷалларо мусоидат кардан ба густариши мактаби наср дар Бадахшон ва кумак ба адибони наврас ва ҷавон арзёбӣ намуд.
Вай гуфт, бинобар адами минбари сухан барои адибон дар Бадахшон агар шуаро гоҳ-гоҳе аз саҳафоти рӯзномаҳо садо баланд мекарданд ва хонандагон бо ашъорашон ошнои пайдо менамуданд, аммо носирон имконияти камтарини муаррифӣ намудани қисса ва ҳикояҳои хешро доштаанд.
Ба гуфтаи сардабир, аммо маҷаллаи адабӣ барои аҳли насру назми минтақа шароит ва имконоти беҳтари интишори маҳсули эҷодиашонро фароҳам мекунад.
Дар нахустшумора насру назми муалифон бо забонҳои тоҷикӣ ва шуғнонӣ ҷой дода шудаанд. Вале сардабир баён дошт, ки маҷалла дар Вазорати фарҳанг сабти ном шуда, хонандагон дар шумораи ояндаи наврӯзӣ матолиб ба забонҳои русӣ ва англисиро низ дар саҳафоти он дарёфт хоҳанд кард .
Ҳикояҳои «Шикасти боли кабутар», қиссаи моҷароии «Исёни руҳ» ва дигар навиштаҳои шавқангези муаллифони ҷавони мактаби насри Бадахшон ва намунаи ашъор таваҷҷӯҳи хонандагонро ба маҷалла ҷалб мекунад.
Маҷаллаи ранга бо ибтикори як ташкилоти ҷамъиятӣ ва кумаки афроди алоҳида дар дар нашриёти илми-маърифатии «Логос»-и Хоруғ бо теъдоди 500 нусха чоп шудааст.
Қудрат Шаҳ Чавлихон мегӯяд, ки алҳол вай чун сардабир на фақат маводро барои шумора омода ва таҳрир мекунад, балки маҷбур аст вазифаи хатбарро низ иҷро карда, барои фурӯши маҷалла ва обуна кардан ба он давутоз намояд.
Қудрат Шаҳ Чавлихон ҳамчун муаллифи ҳикояҳо ва қиссаҳои моҷароӣ ва романи сиёсӣ таҳти унвони «Галагург» ба хонандагон шинос аст. Ба ин китоб шоир Ато Мирхоҷа сарсухан навишта, ба истеъдоди носири ҷавон баҳои баланд додааст.
«Пойи меҳр» нахустин маҷалллаи адабист, ки дар Бадхшон нашр мешавад. Қаблан моҳномаи «Фарҳанги Бадахшон» маҳсули аҳли қалами ҳавзаи адабии минтақаро ба хонандагон муаррифӣ менамуд, вале чанд сол аст, ки ин моҳҳнома баста шуда, алҳол рисолати пур намудани халои фарҳангӣ ва адабиро маҷаллаи «Пойи меҳр» бар душ гирифтааст.